Дастгирии занону бонувон дар меҳвари Паём

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсиву иҷтимоӣ самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро муайян намуда, дар он ба мақому манзалати занон ва нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.

Дар ин замина, дар доираи ҳафтаи кафедраи кори бонкӣ мулоқоти судманд таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат – роҳнамою ёвари бонувони кишвар» бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд  Матлуба Муинова баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ Матлуба Муинова, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Норматова ва мудири кафедраи кори бонкӣ Парвина Бобоева вобаста ба самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд. Дар баромадҳо таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба масъалаи мақому манзалати занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, иброз доштаанд: «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».

Ҳамзамон зикр гардид, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба дастгирии занону бонувон равона гардида, имрӯз ҳазорон нафар духтарони болаёқат дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар доираи ҳафтаи кафедра инчунин тренинги омӯзишӣ дар мавзуи «Управление личной энергией – путь к профессиональному успеху» бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён аз ҷониби директори рушди тиҷорати ҶДММ “Чӯҷаи Байзо” Наимҷон Қаюмов баргузор гардид. Тренинг ба рушди малакаҳои худидоракунӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбият равона шуда буд.

Илова бар ин, дарси кушоди таълимӣ аз фанни фаъолияти бонкӣ дар мавзуи «Банковская система Республики Таджикистан» аз ҷониби ассистенти кафедраи кори бонкӣ Зиёева Ш.З. тариқи раванди дуалии таълим ташкил ва баргузор карда шуд. Дар машғулият намояндагони филиали КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», роҳбарияти Донишгоҳ ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 02 феврали соли 2026 дар Донишгоҳ ҳафтаи кафедраи кори бонкӣ таҳти унвони «Нақши низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиёти рақамӣ» оғоз гардида, дар маросими ифтитоҳи он садорати факултет, устодону олимон ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Ба ин муносибат дар долони факултет намоиши дастовардҳо, таълифоти илмию таълимӣ ва методии олимони кафедра ташкил карда шуд.

Дар доираи ҳафта баргузории маҳфилҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ, чорабиниҳои тарбиявӣ ва вохӯриҳо бо намояндагони соҳаи бонкдорӣ дар назар дошта шуда, ин силсилачорабиниҳо то 07 феврали соли 2026 идома хоҳанд ёфт.

                                                                                                      Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

You might also like