Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълим

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакал, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ пайваста чорабиниҳои илмӣ ва таълимиро роҳандозӣ менамояд.

Санаи 31 январи соли 2026 дар Хонаи маданияти русӣ дар шаҳри Хуҷанд семинар-тренинг дар мавзӯи «Информационно-коммуникативные технологии в образовании» бо иштироки намояндагони Хонаи маданияти русӣ ва донишҷӯёни курси якуми ихтисоси забон ва адабиёти руси факултети молия ва андози Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳими истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён бо усулҳои муосири таълим шинос шуданд.

Таъкид гардид, ки татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф дар партави ташаббусҳои созанда ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти муҳим дорад.

Дар анҷоми семинар ба иштирокчиён сертификат супорида шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like