Нишасти матбуотӣ: Натиҷаҳои назаррас дар давраи ҳисоботӣ
02 феврали соли 2026 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, роҳбарони раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва намояндагони беш аз 20 воситаи ахбори оммаи маҳалливу минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Нишаст бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳ оғоз гардида, номбурда доир ба фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2025 тавассути муаррифнамоӣ ба рӯзноманигорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки фаъолияти Донишгоҳ дар партави дастуру супоришҳо, сиёсати маорифпарварона ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар асоси қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили раванди таълиму тарбия, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таҳкими пойгоҳи моддиву техникӣ, густариши фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати омӯзгорон равона гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол Донишгоҳ дорои 6 факултет, 30 кафедра, 5 бинои таълимӣ бо 135 синфхона, хобгоҳи замонавӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, маҷмаа ва майдони варзишӣ, 16 синфхонаи компютерӣ, кабинети лингафонӣ, лабораторияҳои тахассусӣ, толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ мебошад. Дар раванди таълим зиёда аз 2600 компютер ва П таҷҳизоти техникии муосир мавриди истифода қарор доранд.
Зимни нишаст таъкид гардид, ки Донишгоҳ соли ҳисоботӣ аз аккредитатсия ва аттестатсияи давлатии навбатӣ бомуваффақият гузашта, иҷозатнома ва шаҳодатномаи аккредитатсиониро соҳиб гардид. Дар асоси иҷозатномаи нав, аз соли таҳсили 2026–2027 қабули донишҷӯён аз рӯйи се ихтисоси нави замонавӣ, аз ҷумла «Сиёсати беруна ва дипломатия», «Танзими ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия» ва «Зеҳни сунъӣ» ба роҳ монда мешавад.
Дар нишаст инчунин дастовардҳои илмию таълимӣ, фаъолияти нашриётӣ, баргузор гардидани конференсияҳои илмӣ, иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҳамкориҳои густурдаи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои табодули академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки соли 2025 донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳ дар озмунҳо ва мусобиқаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва мукофотҳо шудаанд.
Қисми ниҳоии нишаст ба саволу ҷавоб бахшида шуд. Ректори Донишгоҳ ба беш аз 20 саволи рӯзноманигорон вобаста ба бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунандагон, дастгирии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, имтиёзҳо ба донишҷӯёни аълохон, истифодаи зеҳни сунъӣ дар Донишгоҳ, табодули академӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, фаъолияти клиникаи ҳуқуқӣ, татбиқи таҳсилоти дуалӣ ва таъсиси марказҳои рушди касбият, раванди корҳои тарғиботӣ ва натиҷаҳои он, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар Донишгоҳ, идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои мубрам посухҳои муфассал ва қонеъкунанда пешниҳод намуд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон фаъолияти худро боз ҳам тақвият хоҳад дод.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



















