Ҷабҳаҳои асосии иқтисодии Паёми Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ояндаи тараққиёти кишварро дар ҳамаи соҳаҳои ҷамъият, аз ҷумла дар самти иқтисодию иҷтимоӣ ва маданӣ муайян мекунад. Аз масъалагузорӣ дар Паём ва иҷроиши он сатҳи зиндагии аҳолӣ, некӯаҳволии он вобастагии зич дорад.
Паёми Пешволи миллатро ба 2 кисм ҷудо кардан мумкин аст:
- Натиҷабардори аз сиёсати иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар даврони истиқлолият;
- Масъалагузорӣ оиди дар оянда амалӣ кардани рушди устувори сифатноки иқтисодию иҷтимоии мамлакат.
Дар ин ҷо ба ҳамаи масъалаҳое, дар Паёми Пешвои миллат баррасӣ ва аз нуқтаи назари баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ баҳо дода шудаанд, аҳамияти махсус бояд дод.
Самтҳои асосии ҷабҳаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро таҳлил менамоем.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосие, ки рушди иктисодии кишварро муайян мекунад, ин маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Тайи даҳ соли охир, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии Точикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ воқеан рушди воқеии иқтисодиро муайян мекунад ва мавқеи Точикистонро дар иқтисодиёти ҷаҳон баланд мекунад.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии рушди иқтисодӣ ин баланл кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки ин мақсад низ амалӣ шуда истодааст. Масалан:
- Дар 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.
- Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165
миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
- Дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз
- азор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
- Дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд, ки дар натиҷаи сатҳи зиндагии аҳолӣ воқеан баланд шуда истодааст.
Бояд қайд кард, ки яке аз шартҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ин мунтазам тараққӣ ёфтани хамаи соҳаҳои иқтисодиёт мебошад.
Аз тарафи дигар, рушди мунтазами ҳама соҳаҳои иқтисодиёт бе ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ гайриимкон мебошад. Маълумотҳои омории дар ин самт низ пешравиро тасдиқ менамоянд:
Масалан, барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Ин шаҳодати он, ки дар иқтисодиёти кишвар муҳити мусоид барои ҷалби сармоя ташкил карда шудааст.
Дар паёми Пешвои миллат оиди рафти иҷроиши ҳадафҳои стратегии миллӣ диққати махсус дода шуд:
Чи хеле ки маълум аст, яке аз ин ҳадафҳои миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Қайд кардан лозим аст, ки дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
- Энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳимми иқтисоди
кишвар муайян карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар мамлакати мо барои рушди соҳаи энернетика аҳамияти муҳим дода мешавад:
а) Дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии нерӯи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд;
б) Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.
- Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ин пурра аз бунбасти
коммуникатсионӣ баровардани мамлакат мебошад. Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум шуд, ки барои амалӣ шудани ин ҳадафи миллӣ низ корҳои назаррас иҷро шудаанд:
а) Масалан, барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад;
б) Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.
- Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз хадафҳои асосии стратегияи рушди иқтисодӣ мебошад. Дар Паём рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун асоси амнияти озуқаворӣ таҳлил карда шуд. Маълумотҳои оморӣ далели онанд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти озуқаворӣ қадамҳои устувор гузошта шуда истодааст. Масалан, соли 2025 суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.
Ин нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ далели он, ки дар ин соҳа, ҳамчун таъмин кардани амнияти озуқавори натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд
Яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ин пурра иҷро кардани ӯҳдадории иҷтимоии худ дар назди аҳолӣ ва таъмин кардани маблағгузории соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад. Иҷрои босамари ин вазифа бевосита аз буҷети давлатӣ вобаста мебошад. Танҳо дар ҳолати зиёд шудани қисми даромади буҷет имконияти таъмин кардани вазъи баланди иҷтимоии аҳолӣ ва рушди ҳамаи соҳаи иқтисодиёт пайдо мешавад.
Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Пешвои миллат пешниҳод шуд:
аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
– нафақаҳои суғуртавӣ, на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд;
Ин боз як бор шаҳодати он, ки сиёсати иқтисодию иҷтимоии мамлакат бевосита ба баланд кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона карда шудааст.
Дар Паёми Пешвои миллат барои таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимии мамлакат масъалаҳои мушаххас гузошта шуданд:
Ба қатори ин вазифаҳо дохил мешаванд:
- Дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар
афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам карда шавад;
- Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз
ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш ёбад;
- Суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз
ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин карда шавад;
- Барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба
маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад
Ин масъалаҳои гузошташуда мушаххас ва стратегӣ мебошанд. Амалишавии он барои рушди босуръати иқтисодии мамлакат заминаи муҳим мебошад.
Дар натиҷа ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар Паёми Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи самтҳои рушди устувори иқтисодиёт, яъне самтҳои асосии рушди иқтисодити Тоҷикистон, таъмин кардани рушди сифатноки иқтисодиёти мамлакат; роҳҳои афзоиш ёфтани даромади буҷети давлатӣ; пурра иҷро кардани ӯҳдадории иҷтимоии давлат дар назди аҳолӣ; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ; ҷалб кардани сармояи хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ ҳаматарафа дида баромада шуда, вазифаҳои мушаххас оиди рушди ин соҳаҳо гузошта шудааст ва амалишавии он барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар, яъне баланд кардани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси мустаҳкам мебошад.
Раҳимов А.М. – д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ