Паём – кафили таъмини пешрафти мамлакат ва саодати халқ   

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, воқеан инъикосгари муҳимтарин масъалаҳои сиёсию иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат, асосан ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, зиндагии шоистаи мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тарбияи насли солиму бомаърифат нигаронида шудааст.

Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои созандаи амалигардида маҷрои рушди иқтисодиёти миллӣ куллан тағйир ёфта, дар давоми даҳ соли охир, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, афзоиши ҳарсолаи он ба ҳисоби миёна 7,6 фоизро ташкил дод. Барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 млрд. сомонӣ, аз он ҷумла 159 млрд. сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид карданд, «амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад». Дар ин росто, имрӯз яке аз ҳадафҳои Ҳукумату мамлакат баланд бардоштани нақши соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки таъминкунандаи рушди устувори иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳамияти бахши хусусӣ, дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, Ҳукумати мамлакат барои такмил додани механизмҳои иқтисоди озод, низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ ва ташаккули инфрасохтори он заминагузорӣ менамоянд, ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Вобаста ба ин, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол аз сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳақиқат, нақши соҳибкориву сармоягузорӣ дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бориз аст. Ин аст, ки тавре дар Паёми имсола қайд гардид, ҳоло дар мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсолот 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад ва он ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз соҳибкорону сармоягузорони ташаббускор ва саховатпешаю ватандӯст ба хотири таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол, шукуфоии Ватан, осудагии рӯзгори халқ ва болоравии обрӯю нуфузи кишвари маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош менамоянд.

Ҳамин тавр, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таҳкими имкониятҳои иқтисодии он ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми он равона гардида, ба ҳамин васила кафили таъмини пешрафти бесобиқаи мамлакат ва рӯзгори босаодати халқ эътироф мешавад.

Салимова М.М. – н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

 

You might also like