САҲМИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАСЪАЛАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ
Тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат бидуни фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор ва инкишофи низоми иқтисодии минтақавӣ ғайриимкон аст. Чунин шароити мусоид фаъолияти дорои динамикаи мусбати нишондиҳандаҳои сатҳу сифати субъектони хоҷагидорро, ки дар умум ба болоравии сатҳи некўаҳволии аҳолӣ нигаронида шудааст, пешбинӣ мекунад. Илова бар он, минтақаҳо ки дорои иқтидорҳои иҷтимоӣ, хоҷагидорӣ, захиравӣ ва экологӣ мебошанд, бояд бо такрористеҳсоли устувор, мутавозин ва бисёромила фаро гирифта шаванд. Чунин ҳолат дар иқтисодиёти минтақа, пеш аз ҳама, тавассути баланд бардоштани фаъолнокии инвеститсионӣ имконпазир аст.
Дар шароити шиддатнокии рақобати бозорӣ, ташаккул ва татбиқи захираҳои нави баландбардории устувории иқтисодиёти минтақаҳо бештар дар асоси банақшагирии дарозмуддати рушди иҷтимоию иқтисодӣ имконпазир мебошад. Дар доираи банақшагирии стратегӣ ва татбиқи самараноки фаъолияти инвеститсионӣ иҷрои лоиҳаҳои инвеститсионии минтақавӣ ва мамлакат дар маҷмўъ чун омили калидии рақобатпазирии минтақаҳо дар алоҳидагӣ арзёбӣ мегардад.
Инкишофи соҳаҳои гуногуни маҷмааи хоҷагидорӣ тавассути лоиҳаҳои инвеститсионӣ на танҳо ба рушди иқтидори иқтисодиёти минтақа, балки ба болоравии сифат ва дараҷаи зисти аҳолии он боис мегардад. Дар робита ба ин, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.2025 чунин омадааст: «Ҳоло дар кишвар дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд».
Раҳимова Н.Ш. – н.и.и., дотсенти кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ