ДДҲБСТ: Таъсиси филиали кафедраи кори бонкӣ дар назди “Ҳумо Бонк” – қадами устувор дар татбиқи таҳсилоти дуалӣ

09 январи соли 2026 бо мақсади ҷорӣ намудани таҳсилоти дуалӣ дар раванди таълим ва таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, филиали кафедраи кори бонкии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар назди филиали Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҳумо Бонк”  таъсис дода шуд.

Маросими кушодашавии филиали кафедраи кори бонкӣ бо иштироки намояндагони донишгоҳ ва муассисаи бонкӣ баргузор гардид. Зимни ифтитоҳ мудири кафедраи кори бонкӣ Бобоева П.М. иброз дошт, ки ҳадафи асосии таҳсилоти дуалӣ баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии донишҷӯён, наздик намудани раванди таълим ба фаъолияти воқеии истеҳсолӣ, ташаккули мустақилияти касбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин шудан бо ҷойи кор пас аз хатми таҳсил мебошад.

Қайд гардид, ки таъсиси чунин филиалҳо ба донишҷӯён имконият фароҳам меорад, то ҳамзамон бо таҳсил дар донишгоҳ таҷрибаи амалӣ дар соҳаи бонкдорӣ андӯхта, ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гарданд.

Ҳамчунин, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Сатторова М.А. вобаста ба аҳамият ва муҳтавои ташкили филиалҳои кафедраҳои тахассусӣ дар муассисаҳои истеҳсолӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳсилоти дуалӣ ҳамчун шакли муосири таълим пайвастагии назарияро бо таҷрибаи амалӣ дар муҳити воқеии фаъолияти касбӣ таъмин менамояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва ҶСП “Ҳумо Бонк” ба омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи бонкдорӣ мусоидат намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии соҳаи маориф ва рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like