Боздиди ректори донишгоҳ аз хобгоҳи ДДҲБСТ ва мулоқот бо донишҷӯён

07 январи соли 2026 дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мулоқоту сӯҳбати судманд бо иштироки ректори Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар оғоз, ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ҳамроҳи муовини ректор оид ба корҳои тарбия Шаҳноза Норматова аз ҳуҷраҳои истиқоматии донишҷӯён, китобхона ва ошхонаи хобгоҳ боздид ба амал оварда, бо шароити будубош, риояи тозаву озодагӣ ва интизоми дохилӣ аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани шароити зист, таъмини муҳити мусоиди таълим ва баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Сипас, мулоқоти ректор бо донишҷӯёни хобгоҳ баргузор гардида, дар он Шероз Мӯминзода вобаста ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд. Ректори Донишгоҳ аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ самтҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро муайян намуда, дар таҳкими амният, ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии ҷомеа нақши калидӣ мебозад.

Зикр гардид, ки татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар Паём ироагардида аз ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, масъулияти баланди сиёсиву иҷтимоиро тақозо менамояд. Дар ин замина ба масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба илму донишомӯзӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносию худогоҳӣ, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

Ректори Донишгоҳ донишҷӯёнро даъват намуд, ки аз имкониятҳо ва шароити фароҳамоварда самаранок истифода намуда, вақти худро мақсаднок сарф намоянд, ба омӯзиши касбу ҳунар ва донишҳои муосир рӯ оваранд ва дар раванди ободию созандагии кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд. Ҳамзамон, ба зарурати мубориза бо падидаҳои номатлуб, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, забономӯзӣ ва иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ таъкид гардид.

Дар анҷоми мулоқот донишҷӯён изҳор доштанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш, ҳифзи арзишҳои давлатӣ, посдории расму ойинҳои миллӣ ва гиромидошти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ пайваста кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

    Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like