Натиҷагирӣ аз фаъолияти ДДҲБСТ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026

25 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои олимон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони ректор, деканони факултетҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Ҷаласаро ректори Донишгоҳ Шероз Мӯминзода ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти муассиса дар соли 2025 ҳисоботи муфассал пешниҳод кард. Дар ҳисобот самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳ — таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва рушди инфрасохтор мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки айни замон Донишгоҳ бо 6 факултет ва 30 кафедра фаъолият бурда, тайёр намудани мутахассисон аз рӯи 52 ихтисоси бакалавр, 10 ихтисоси магистратура ва 17 ихтисоси аспирантура ба роҳ монда шудааст. Заминаи моддию техникии муассиса пайваста тақвият ёфта, барои беҳтар намудани сифати таҳсил шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Таъкид шуд, ки дар соли таҳсили 2025–2026 ба Донишгоҳ 2660 нафар донишҷӯ қабул гардида, шумораи умумии донишҷӯён ба 7871 нафар расидааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сатҳ ва сифати таҳсил баланд шудааст.

Дар самти фаъолияти илмӣ дастовардҳои назаррас ба қайд гирифта шуданд. Дар соли 2025 16 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, 18 нафар ба унвонҳои илмӣ ноил гардиданд. Ҳамчунин, 2 шурои диссертатсионии нав таъсис ёфт. Зиёда аз 24 монография ва садҳо мақолаи илмӣ, аз ҷумла дар пойгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Scopus, ба нашр расиданд. Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар самти корҳои тарбиявӣ дар давоми сол 628 чорабинӣ баргузор карда шуд. Фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ва эҷодӣ, Шӯрои донишҷӯён ва соҳаи варзиш густариш ёфта, ба донишҷӯёни ниёзманд ва ятим кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида шуданд.

Дар бораи рушди робитаҳои байналмилалӣ иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 152 созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ба имзо расидааст. Табодули академӣ, дарсҳои онлайн ва ҳамкориҳои илмӣ бо донишгоҳҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ тақвият ёфтаанд. Ҳамчунин, Донишгоҳ ҷиҳати ворид шудан ба рейтинги 1000 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар бахши иқтисодию молиявӣ ва инфрасохтор як қатор корҳои созанда анҷом дода шуданд. Синфхонаҳои муосир ба истифода дода шуда, майдони футбол пурра таъмир гардид. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ дар назар дошта шудааст.

Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба таълим Дониш Фазлиддинзода дар мавзуи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Далер Ҳамропур дар мавзуи «Таҳлили машғулиятҳои кушод ва намунавии омӯзгорон дар ДДҲБСТ» маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, баланд бардоштани сифати таҳсил, тақвияти фаъолияти илмӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Донишгоҳ барои соли 2026 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

                                                                                           Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like