Иштироки донишҷӯёни ДДҲБСТ дар барномаи академии табодул

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар барномаи академии табодул дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд иштирок намуданд.
Яке аз иштирокчиёни фаъоли ин барнома Нуралиева Идимоҳ, донишҷӯи ДДҲБСТ, пас аз анҷоми бомуваффақияти давраи таълимӣ ва корҳои амалӣ дар кишвари ҳамсоя, соҳиби сертификати махсус гардид. Ин дастоварди муҳим нишон медиҳад, ки донишҷӯёни тоҷик қобилият ва омодагии баланд доранд ва метавонанд бо ҳамсолони худ аз муассисаҳои баландпояи хориҷӣ рақобат намоянд.
Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ, гурӯҳи дигар донишҷӯён дар як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таҳсил идома дода истодаанд. Иштироки донишҷӯён дар чунин барномаҳо имконият медиҳад, ки таҷрибаи таълимию пажӯҳишӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба даст оранд, донишҳои назариявию амалӣ дар соҳаҳои ҳуқуқ, иқтисод ва идоракунӣ тақвият ёбанд, фарҳанги таълимӣ ва муносибатҳои байналмилалиро аз наздик омӯзанд, ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ омодагии бештар пайдо намоянд.
Роҳбарияти ДДҲБСТ изҳор медорад, ки минбаъд низ барои густариши барномаҳои табодули академӣ бо кишварҳои хориҷӣ талош менамояд, то вазъи таълим ва имкониятҳои донишҷӯён боз ҳам беҳтар гарданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like