ДДҲБСТ: Баргузории даври донишгоҳии озмунҳои «Омӯзгори намунавии сол» ва «Сарпараст (куратор) ва гурӯҳи беҳтарин»

22 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмунҳои «Омӯзгори намунавии сол» ва «Сарпараст (куратор) ва гурӯҳи беҳтарин» баргузор гардид. Дар даври ҷамъбастии озмун намояндагони ҳамаи факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар озмун муовини ректор оид ба таълим Дониш Фазлиддинзода иштирок намуда, оид ба ҳадаф ва аҳамияти баргузории он суханронӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки тибқи Низомномаи озмунҳои «Омӯзгори намунавии сол» ва «Сарпараст (куратор) ва гурӯҳи беҳтарин» дар Донишгоҳ ба музди меҳнати кормандон ва омӯзгорон иловапулӣ ва мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибони даври ҷамъбастии озмун ҳайати ҳакамон иборат аз муовинони ректор оид ба корҳои таълим, илм ва инноватсия, оид ба корҳои тарбия, сардори раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ, сардори раёсати ҳамкориҳои стратегӣ ва байналмиллалӣ, мудири шуъбаи идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, мудири шуъбаи тарбияву бахшиш ҷавонон ва инчунин мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ таъсис дода шуд.
Аъзои ҳакамон фаъолияти довталабонро аз рӯи намоиши нусхаҳои барномаҳои корӣ (силлабус), матни лексияҳо, комплексҳои таълимӣ-методӣ, маводи тақсимотӣ ва аёниятҳои омодакардашуда, инчунин маҳорату малакаи касбии онҳо тавассути-худмуаррифии довталабон, баёни озоди яке аз мавзӯъҳои фанни дахлдор, саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои қонунгузории соҳаи маориф ва илм, сиёсиву иқтисодӣ, техникиву технологӣ ва таърихиву фарҳангӣ, инчунин баррасии муаммоҳои вобаста ба таълиму тарбияи донишҷӯён баҳогузорӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории ин озмун бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим дар Донишгоҳ, такмили маҳорату малакаи педагогии омӯзгорон, истифодаи васеи усулҳои муосири таълим, дарёфти омӯзгорони соҳибистеъдод, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо ва ҳавасмандгардонии моддиву маънавии нафароне, ки дар фаъолияти таълимӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, роҳандозӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин озмунҳои донишгоҳии “Кафедраи беҳтарин” ва “Факултети беҳтарин” низ доир мегардад.
Ғолибони даври донишгоҳии озмунҳои мазкур муайян ва қадршиносӣ хоҳанд шуд.

                                                                                      Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like