Баргузории ҷаласа оид ба ташкили имтиҳоноти ниҳоӣ дар ДДҲБСТ

Имрӯз, 20 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи муовини ректор оид ба корҳои таълим, дотсент  Дониш Фазлиддинзода бо масъулини имтиҳоноти ҷамъбастӣ дар шуъбаи рӯзона барои нимсолаи соли таҳсили 2025-2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Дониш Фазлиддинзода ба намояндагони раёсати донишгоҳ  иброз дошт, ки бо мақсади муайян намудани сатҳи дониш ва баҳогузорӣ ба сифату самараи донишандӯзии назариявию амалии донишҷӯён, таъмини ҷараёни муътадили баргузории имтиҳоноти ниҳоии шуъбаи рӯзона фармоиши ректор ба тасвиб расидааст.

Ҳамзамон, ба масъулин барои баланд бардоштани сатҳу сифат ва шаффофияти баргузории имтиҳонот, роҳандозӣ намудани тадбирҳои лозима ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҷаласа бо вазифагузориҳо анҷом ёфт.

 

                                                                                                                 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like