Донишҷӯёни ДДҲБСТ ғолибони озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2025” гардиданд
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмунҳои сатҳи мухталиф ширкат варзида, бо гирифтани мақоми ифтихорӣ обрӯву нуфузи донишгоҳро баланд бардошта истодаанд.
Донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Сатторова Мадина ва Исмоилова Меҳрангез дар озмуни “Донишҷӯи сол-2025” байни муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойи якум ва дуюм, ҳамзамон донишҷӯи факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ Каримов Бахтиёр дар озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” сазовори ҷои дуюм гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки озмунҳои мазкур, ҳамасола бо мақсади таҳкими мавқеи донишҷӯён дар ҳаёти илмиву эҷодӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мегардад.
Ин дастоварди арзишманд на танҳо натиҷаи меҳнати шахсии донишҷӯён, балки нишондиҳандаи заҳмати устодон, фазои илмиву эҷодии донишгоҳ ва шароити мусоиде мебошад, ки барои рушди насли наврас муҳайё гардидааст.
Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ин дастоварди бузургро як қадами муҳиме дар баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар миқёси вилоят арзёбӣ намуда, ба донишҷӯён дар даври минбаъдаи озмунҳо комёбиҳои назаррас ва қадамҳои устуворро дар ҷодаи илму маърифат таманно намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

