ДДҲБСТ: Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 16 декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» баромад намуданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки раҳнамои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мебошад, тамоми кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулият дар маҷлисгоҳҳои панҷ бинои таълимӣ ва беш аз сад толору синфхонаҳои барҳаво, китобхона ва Литсейи назди ДДҲБСТ сарҷамъ гардида, дастаҷамъона тамошо намуданд.
Ироаи Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ҳамчун раҳнамое арзёбӣ мешавад, ки он дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, маърифатнокии ҷомеа, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла, беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими ғояҳои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ нигаронида шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас ба рушду равнақи тамоми соҳаҳои кишвар алоқаманд мебошанд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ, пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас дар рушди иқтисодиёти рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудан ва васеъ истифода бурдани технологияҳои муосир, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода бурдани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, аз ҷониби Пешвои миллат баён гардид.
Ҳамин тариқ, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Инчунин, Пешвои миллат зимни баромади худ дар соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, қайд карданд, ки бунёди миллат аз соҳаи маориф оғоз ёфта, ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободии давлат ва ватан мебошад.
Аз ироаи Паёми навбатӣ кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои вобаста ба соҳаи мазкурро, ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардид, мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, дар амалисозии он саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

  Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like