Такмили низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар шаклгирии илми тоҷик

13 декабри соли 2025 бо ташаббуси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ таҳти унвони «Такмили низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар шаклгирии илми тоҷик» баргузор гардид.
Дар кори семинари машваратӣ роҳбарияти Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси КОА Давлатзода Сайфиддин, муовини раиси КОА Муъмин Шарифзода, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят, олимону муҳаққиқон, роҳбарони марказҳои илмӣ, аъзои шӯроҳои диссертатсионӣ, роҳбарони илмӣ, инчунин устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаъолона иштирок намуданд.
Семинар дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳадафмандона ҷараён гирифта, дар оғози он раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин суханронӣ намуда, доир ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илми миллӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи олимон, фароҳам овардани шароити мусоид барои тайёр намудани кадрҳои илмии баландихтисос ва такмили низоми аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард. Зикр гардид, ки дар солҳои охир таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи илм афзуда, барои ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ, таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ва боло бурдани сифати таҳқиқоти илмӣ тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон, дар семинар ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Мӯминзода дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқии ташаккули илми тоҷик дар замони муосир» маърӯза намуда, рушди илми миллӣ ва ташаккули мактабҳои илмиро бе такя ба заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ғайриимкон арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки дастгирии давлатӣ, ислоҳоти қонунгузорӣ ва ҳамкории муассисаҳои илмӣ метавонанд барои рушди устувори соҳаи илм заминаи боэътимод фароҳам оваранд.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён доир ба масъалаҳои вобаста ба раванди ҳимояи рисолаҳои илмӣ, такмили фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ, таҳияи корҳои илмии ҷавобгӯ ба талаботи муосир, инчунин ҷалби ҷавонон ба илм саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор анҷом доданд.
Зимни музокира дар семинари мазкур, муовини раиси КОА Муъмин Шарифзода баромад намуда, масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, риояи қатъии талаботи меъёриву ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи рисолаҳо, масъулияти роҳбарони илмӣ ва фаъолияти шӯроҳои диссертатсиониро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар анҷоми семинари машваратӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят, ки рисолаҳои илмии номзадиву доктории худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд, унвонҳои илмӣ тақдим гардид. Зикр шуд, ки қадрдонии олимон яке аз омилҳои муҳими ҳавасмандгардонӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи илм ба ҳисоб меравад.
Семинар бо пешниҳоди мулоҳизаҳо, тавсияҳои судманд ва ҷамъбасти натиҷаҳо анҷом ёфт.

                                                                                                      Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа 

       

 

 

You might also like