Натиҷагирии фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ дар ДДҲБСТ  

Имрӯз, 12 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи муҳим оид ба натиҷагирии фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии назди ДДҲБСТ баргузор шуд. Ин ҳамоиши илмӣ, ки аҳамияти вижа дар рушди тадқиқоти илмӣ ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи олӣ дорад, бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода оғоз гардид. Ректор дар суханронии худ таъкид намуд, ки рушди илми ватанӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ яке аз самтҳои калидии фаъолияти донишгоҳ мебошад.

Таъкид шуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми тоҷик ва ташаккули низоми муосири аттестатсияи кадрҳои илмӣ бунёдӣ мебошад. Бо дастгирӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, солҳои охир заминаҳои устувори ҳуқуқӣ, инфрасохторӣ ва ташкилии рушди илм, таҳқиқот ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи олӣ фароҳам гардидаанд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа, боло бурдани мақоми илм ва ҳавасмандсозии муҳаққиқони ҷавон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои такмил ва стандартизатсияи низоми аттестатсия дастуру супоришҳои муҳим додаанд.

Дар ҷаласа Муовини раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯъмин Шарифзода, роҳбарони шӯроҳои диссертатсионӣ ва намояндагони воҳидҳои гуногуни илмии донишгоҳ ширкат варзиданд. Ҳузури роҳбарияти баландпояи КOA нишони таваҷҷуҳи хос ба сатҳи корҳои илмӣ ва раванди аттестатсияи кадрҳои илмӣ дар донишгоҳ мебошад.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки фаъолияти пурсамари Комиссияи Олии Аттестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Давлатзода Сайфиддин нақши калидӣ дорад. КОА дар солҳои охир ба рушди фарҳанги таҳқиқоти босифат, риояи меъёрҳои илмии ҷаҳонӣ, ҳимояи шаффофи рисолаҳо ва дастгирии муҳаққиқони ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Ин иқдомҳо ба баланд гардидани сатҳи корҳои илмӣ ва омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла дар ДДҲБСТ, мусоидати ҷиддӣ менамоянд.

Зимни нишаст гузориши муфассал оид ба фаъолияти солонаи шӯроҳои диссертатсионӣ ироа гардид. Масъулон дастовардҳои назаррас, аз ҷумла афзоиши шумораи дифои корҳои илмӣ, боло рафтани сифати рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ҷалби муҳаққиқони нав ва фаъол шудани тадқиқотҳои соҳавиро зикр карданд. Ҳамзамон, масъалаҳои мавриди таҳлил, аз беҳтар намудани коргузорӣ то баланд бардоштани сатҳи роҳнамоии илмӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Муовини раиси КOA Мӯъмин Шарифзода дар суханронии худ ба зарурати риояи қатъии меъёрҳои илмӣ, такмили механизмҳои назорати методӣ ва ташвиқи муҳаққиқон ба тадқиқоти инноватсионӣ ишора намуд. Ӯ инчунин дастгирии донишгоҳро дар самти баланд бардоштани нишондиҳандаҳои илмиву таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ кард. Дар қисмати баҳсу пешниҳодҳо роҳбарони шӯроҳо аз таҷрибаҳои корӣ, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои пешниҳоди қарорҳои муассир гузориш доданд. Пешниҳодҳои судманд оид ба такмили низоми кор дар шӯроҳо, рушди базаи методӣ ва баланд бардоштани донишҳои тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон матраҳ гардид.

Мудири шуъбаи фанҳои ҷамъиятии КОА Каримзода Мавзуна перомуни бозбинии парвандаҳо, нодуруст интихоб кардани муқарризон, камбудиҳои ҷузъии мақолаҳои илмӣ ибрози андеша кард.

Дар анҷоми ҷаласа Шарифзода М.М. фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ дар соли ҷориро таҳлилу баррасӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дод ва барои соли оянда ба фаъолияти онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like