Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем
10 декабри соли 2025 бо ташаббуси таҷрибаомӯзони курси 5-уми факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, таҳти роҳбарии мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир, дотсент Муродова М.Н. дар Литсейи ДДҲБСТ чорабинии тарбиявӣ дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур нозири калони шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд, лейтенанти калон Ҳидоятов Ҷаҳонгир, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и шаҳри Хуҷанд Сайализода Аҳмадалӣ, мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ Ҷаъфаров Диловар, мутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзии ДДҲБСТ Абдуллоева Р., директори Литсейи ДДҲБСТ Ҳошимова Н., инчунин намояндагон ва омӯзгорони кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир иштирок намуданд.
Зикр карда шуд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаҳои хавфнок ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод намуда, боиси ба миён омадани оқибатҳои вазнини рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ, халалдор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, таҳдид ба ҳаёти инсон, барангехтани низоъҳои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ гардида метавонанд. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки пешгирии чунин амалҳо танҳо дар шароити ҳамкории муассир миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин мегардад.
Дар анҷом иштирокчиён аз мазмуну муҳтавои барномаҳои тарбиявӣ ва саҳми ҷавонон дар устувории амнияти ҷомеа изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тарғиби доимии сулҳу субот ва эҳтироми арзишҳои миллӣ-давлатиро муҳим арзёбӣ карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
