ДДҲБСТ: Баргузории семинари илмию машваратӣ
Густариши доираи пажуҳишоти илмӣ, таҳияи мақолаҳои илмӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва махсусияти аломатҳои китобат дар таълифоти илмӣ аз масоили мубрами фаъолияти таҳқиқотии магистрантон, докторантону унвонҷӯёни донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
09 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки магистрантони соли аввал, докторантон ва унвонҷӯёни донишгоҳ семинари илмию машваратӣ баргузор гардид.
Чорабиниро мудири шуъбаи магистратура, н.и.и., дотсент Қурбоналиев А.Ҳ. оғоз намуда, ба магистрантони соли аввал оид ба шароит ва имкониятҳои шуъбаи магистратура, ҷиҳати самаранок истифодабарии магистрантон аз китобхонаи илмӣ ва электронии донишгоҳ, илмомўзӣ, соҳиб гаштан ба малакаҳои касбӣ ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, бобати имкониятҳои васеи донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, мавҷудияти шароити мусоид барои пайдо кардани малакаҳои замонавӣ дар озмоишгоҳҳои инноватсионӣ, қоидаҳои истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии донишгоҳ маълумот дод.
Тибқи барнома, мудири нашриёти “Дабир”-и ДДҲБСТ, н. и. ф., дотсент Охунҷонова Н.Р. оид ба масъалаҳои тарзи навиштан ва пешниҳоди мақолаи илмӣ, мудири кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ, н.и.ҳ., дотсент Қодирзода М.А. перомуни риояи низомномаҳо аз тарафи магистрантон ва роҳбарони илмӣ, мутахассиси нашриёти “Дабир” Агзамова Р.Э. бобати риояи қоидаҳои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Дар рафти семинари машваратӣ байни иштирокдорон ва баромадкунандагон мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






