Баргузории мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳми ҲХДТ дар рушди маориф ва илм»
08 деквбри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳми ҲХДТ дар рушди маориф ва илм», бахшида ба Рўзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода чорабиниро ифтитоҳ карда, аҳли нишастро ба ифтихори 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуд ва иброз дошт, ки ин сана барои ҷомеаи мо на танҳо ҷашни як ҳизби сиёсӣ, балки таҷлили роҳи пурифтихору созандагии миллат аст.
Имрӯз мо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ, дар шароити суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 31-солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Ин сана барои ҳар фарди кишварамон рамзи ваҳдат, созандагӣ, бунёдкорӣ ва заҳмати содиқона ба нафъи давлату миллат мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи мураккаб ва барқарорсозии давлатдории миллӣ таъсис ёфта, бо гузашти 31 сол ба қувваи боэътимоди ҷомеа ва такягоҳи асосии рушди давлат табдил ёфт. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, ҳизб дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ сиёсати мушаххас, устувор ва пойдорро амалӣ намудааст.
Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки иқтисоди миллӣ босуръат рушд дорад, самтҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва хусусан иқтисоди рақамӣ афзоиш меёбанд, соҳаи иҷтимоӣ такмил меёбад, сатҳи зиндагии мардум сол то сол беҳтар мегардад, инфрасохтори замонавӣ дар тамоми гӯшаҳои кишвар бунёд мегардад, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои нав, роҳҳову пулҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва майдонҳои варзишӣ, истиқлолияти энергетикӣ таҳким меёбад, тавассути Роғун ва дигар нерӯгоҳҳо заминаи рушди иқтисоди миллӣ муҳайё мегардад, сиёсати хориҷии кишвар ба таҳкими обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати мутамарказ, барномаҳои миллӣ ва корҳои пурсамари ҲХДТ мебошанд.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, н.и.ф., дотсенти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Гафуров” Зеварой Бобоева, декани факултети бизнес ва иқтисодиёти байналмилалӣ , н.и.и., дотсент Ҷамшед Тўразода, донишҷўи курси 4-уми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Қурбонсаид Болтазода баромад намуданд. Зимни маърӯзаҳо таъкид шуд, ки таҷрибаи давлатҳои пешқадам собит сохтааст, ки яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа мавҷудияти нерўи сиёсии солиму созанда маҳсуб мегардад. Ин нерўи сиёсӣ бояд қабл аз ҳама манфиати аксарияти ҷомеаро ифода кунад, мардумро ба мақсадҳои олии созанда сафарбар карда тавонад. Дар ҳама маврид, аз ҷумла дар лаҳзаҳои барои мардум тақдирсоз якпорчагии кишвар ва ваҳдати ҳамагониро таъмин намояд. Ҳамчунин, ин нерў бояд инъикосгари андешаи солим, пушту паноҳи арзишҳои миллӣ, ифодагари афкори пешқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Роҳбаладии чунин нерўро шахсияти ҷисман ва маънаван тавоно, ҳамдаму ҳамнафаси мардум, инъикосгари манфиати ҳамаи табақаҳои ҷомеа, баёнгари орзую ормонҳои таърихии мардум дар ўҳда дошта бошад. Бешубҳа, ба ҳайси ин нерўи созанда дар ҷомеаи имрўзаи мо – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси хирадсолори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардидаанд.
Дар идомаи чорабинӣ як зумра омӯзгорони донишгоҳ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
Дар анҷом, аз ҷониби меҳмонон ва устодони донишгоҳ баҳсу музокироти судманд баргузор гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа















