Баргузории аксияи “Тоҷикона мепӯшем” дар ДДҲБСТ
08 декабри соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон, духтарон ва рушди ҳунарҳои мардумии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дар факултетҳои донишгоҳ аксияи фарҳангии «Либоси миллӣ – ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Либоси миллӣ муаррифгари фарҳанги ҳар як халқи мутамаддин мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун рамзи арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни давлатҳо маҳсуб мешавад. Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонуворро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Аксия бо мақсади эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва фарҳангии донишҷӯён ва роҳандозӣ шуда, фазои тоза ва рангорангро дар муҳити донишгоҳӣ ба вуҷуд овард.
Дар ҷараёни баргузории аксия ба донишҷӯён ва иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ оид ба таъриху муҳиммияти либоси миллӣ, нақши он дар ҳифзи фарҳанги миллӣ ва рушди худшиносии миллӣ тақсим карда шуданд.
Бояз зикр намуд, ки ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ моро зарур аст, ки ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани либос ва риояи меъёри муқарраргардидаи тартиби либоспӯшии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ дода, дар қалби онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем, зеро либос яке аз рукнҳои муҳим ва ифодагари тамаддуни пешрафтаи халқи тоҷик мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
