ДДҲБСТ: Истиқболи ғолибон дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Имрўз, 06 декабри 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз ҷониби ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода маросими қадршиносии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар даври ҷумҳуриявии Озмуни мазкур корманди ДДҲБСТ – Шамсия Мадалиева дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” сазовори ҷойи якум ва хонандаи синфи 11-уми Литсейи ДДҲБСТ Нодирахон Раупова аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” соҳиби мақоми дуюм дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардиданд.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ғолибонро барои дастовардҳои арзандаашон табрик намуда, таъкид дошт, ки муваффақияти ҳар як донишҷӯ ва корманди донишгоҳ – дастоварди донишгоҳ мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонон-донишҷӯёни донишгоҳ пайравони сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буданашонро бо дастовардҳои назарраси хеш собит менамоянд. Бахусус, ғолибияти ҷавонон-донишҷуёни донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои варзишии байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ҷавонони донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, нуфузи донишгоҳро боз ҳам боло бардоранд.
Сипас, ғолибони озмуни мазкур Шамсия Мадалиева ва Нодирахон Раупова баромад карда, сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ баён намуданд.
Дар интиҳо, ғолибони озмуни мазкур бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ сарфароз шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














