ДДҲБСТ: Муқовимат ба коррупсия – кафили рушд ва пешрафти ҷомеа
Имрӯз, 05 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию амалии вилоятӣ таҳти унвони “Муқовимат ба коррупсия – кафили рушд ва пешрафти ҷомеа”, бахшида ба Рўзи байналмилалии муқовимат ба коррупсия баргузор гардид. Дар конференсия олимону устодон ва роҳбарону намояндагони мақомоти муборизабаранда иштирок намуданд.
Дар оғози конференсия меҳмонон ва иштирокчиён аз синфхонаҳо дидан намуда, бо донишҷӯёни донишгоҳ суҳбат карданд.
Конференсияро ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода оғоз бахшида, меҳмононро муаррифӣ кард ва иброз намуд, имрӯз мо дар остонаи Рӯзи байналмилалии муқовимат ба коррупсия, ки ҳамасола 9 декабр таҷлил мегардад, ҷамъ омадаем. Ин рӯз фақат як санаи тақвимӣ нест, балки паёми умумибашарӣ оид ба зарурати адолат, поквиҷдонӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Зеро коррупсия, ин падидаи манфиест, ки рушди давлатро бозмедорад, боварии мардумро коста месозад ва пояҳои ҷомеаро заиф мегардонад.
Дар ҷаҳони муосир, коррупсия ҳамчун падидаи номатлубу хатарнок ба ҳар як соҳа роҳ ёфтааст. Он метавонад иқтисодиётро аз рушд боздорад, имкони баробарро барои шаҳрвандон аз байн барад, ба эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад ва муҳимаш ба боварии мардум ба адолат зарба занад.
Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия фақат вазифаи давлат нест, балки рисолати умумии ҷомеа ва ҳар фарди огоҳу масъулиятшинос аст.
Боиси ифтихор аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза алайҳи коррупсия зери роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба таври пайгирона амалӣ мегардад, илова кард роҳбари донишгоҳ.
Дар кори конференсия намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода, сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Турсунзода Шодком, н.и.ҳ., профессори ДДҲБСТ, котиби шурои ҷамъиятии муқовимат ба коррупсияи давлатии вилояти Суғд, Назира Ғаффорӣ, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳим Ҷабборзода, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Акилов Фирдавс ва мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат бо коррупсияи ДДҲБСТ Ботурхӯҷа Қобилов маърузаҳои пурмўҳтаво намуданд.
Зимни баромадҳои худ маърузакунандагон иброз доштанд, ки коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад. Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Набояд фаромӯш кард, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамчунин намояндагони мақомот аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки пайваста омӯзанд ва соҳиби донишу малакаи зиёд гардида, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳмгузор бошанд.
Дар анҷоми конференсия меҳмонон бо сипосномаи раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



































