ДДҲБСТ: Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии волонтёрон
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи волонтёрон мулоқоти ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода бо аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”, сардорони гурӯҳҳои таълимӣ, ғолибони озмунҳову мусобиқаҳои варзишӣ, гирандагони стипендияҳои номӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Нахуст, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Қайд гардид, ки ҷавонон қишри серҳаракати ҷомеа, қувваи пуриқтидори меҳнат ва кафили асосии оромии мамлакат буда, барои давлат неру, захираи тавоно ва афзалиятноки инсонӣ ба ҳисоб мераванд.Ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор доранд.
Зимни мулоқот ректори донишгоҳ ба донишҷӯён ва сардорони гурӯҳҳои таълимӣ ҷиҳати тақвияти забономӯзӣ ва азхудкунии донишҳои муосир, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфтани онҳо, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳ таъкид намуд.
Сипас, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсонҷон Исоев баромад намуда, фаъолияти аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро дар донишгоҳ маъқул ва намунавӣ хонда, аз масъулиятшиносиву ташаббусҳои онҳо дар корҳои тарғиботиву маърифатӣ ёдовар шуд.
Мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров дар сухани худ зикр кард, ки волонтёрон ҳамчун нерӯи боэътимоди ҷомеа дар таҳкими ормонҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрвандӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим саҳми босазо мегузоранд.
Дар идома, ба ҷавонони фаъоли донишгоҳ, ки ғолиби озмунҳову мусобиқаҳои варзишӣ ва стипендияҳои номӣ гардиданд, ҳамчунин дар чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ ва корҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъол доштанд, бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




























