ДДҲБСТ: Баррасии масъалаи хушунати оилавӣ ва роҳҳои пешгирии он
3 декабри 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» мизи мудаввар дар мавзуи «Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ, роҳбарону намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдор ширкат намуданд.
Сароғоз, мудири кафедраи молия ва қарз Каримова М.И. чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки бо қарори СММ ҳамасола аз санаи 25-уми ноябр то санаи 10-уми декабр 16 рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занону духтарон таҷлил карда мешавад. 16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии асоси гендерӣ маъракаи солонаи байналмилалӣ мебошад, ки 25-уми ноябр Рӯзи байналмилалии барҳам додани хушунат нисбат ба занон оғоз ёфта, то 10 декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон идома меёбад.
Дар идома, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Насимӣ Гулҷаҳон, сармутахассиси шуъбаи САҲШ-и раёсати адлияи вилояти Суғд Ҷумазода Мухбира, мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муҳаммадӣ Шаҳноза, нозир-коргузори бахши САҲШ-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зарифӣ Адолат, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон “Нурия” Солиева Дилроз ва Бобокалонова Парвина баромад намуда, вобаста ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки санаи 2-юми январи соли 2025, №2117 аз ҷониби Пешвои миллат имзо гардид, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, иброз доштанд, ки қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба он, ташкил ва нигоҳдории китобҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин пешбурди феҳристи давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро муайян менамояд.
Ҳамин тавр гуфта шуд, ки қонун дар шакли мукаммал қабул гардида, он бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва баҳри беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон равона гардидааст. Ҳамзамон меҳмонон дар мавриди сабабу омилҳои ба хушунат гирифтор шудани занону бонувон ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша карданд. Қайд гардид, ки дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидайн дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Хушунат дар оила ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки дар муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ҷазо пешбинӣ кардааст.
Баъдан муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова зарурияти гузаронидани чорабинии мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, оид ба роҳҳои пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила, мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳамдигар, муҳайё сохтани фазои солиму обод дар оила, ба тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ додан, дар ниҳоди аъзои оила бедор намудани ҳисси ватандӯстию созандагӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба аҳли нишаст ибрози ақида намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






