Баргузории мусобиқаи ҷудо байни донишҷӯён дар ДДҲБСТ
Имрӯз дар Маҷмааи замонавии варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи ҷудо миёни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносӣ роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он дар баробари ташвиқи тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони ҷавон барои ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи баланд дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.
Дар ифтитоҳи мусобиқа Устоди варзиш, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Усто Устопиров, намояндагони раёсати донишгоҳ ва садорати факултет ҳузур дошта, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди варзиш ва тарбияи варзишгарони касбӣ ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки донишгоҳ ҳамеша барои ҷалби донишҷӯён ба намудҳои гуногуни варзиш ва беҳтар намудани омодагии ҷисмонии онҳо иқдомҳои арзанда анҷом медиҳад.
Мусобиқа дар фазои рақобати солиму дӯстона ҷараён гирифта, варзишгарон маҳорати баланди худро дар татамӣ намоиш доданд. Ғолибон ва нишонпазирандагон баъди ҷамъбасти мусобиқа бо сипосномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Баргузории чунин мусобиқаҳо ба ташаккули насли навини варзишгарони донишгоҳ мусоидат карда, саҳми онҳоро дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам хоҳад намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





