Ҷинояткорони ба ном ҳуқуқдон
Вобаста ба фаъолияти собиқ ТЭТ ҲНИ, ки имрӯзҳо вирди забони ҳар як фарди солимфикр чарх мезанад, мехохем фикрамонро дар бораи он баён дошта бошам. Умуман ТЭТ ҲНИ дар ҷомеаи пасошӯравӣ ягона ҳизби хислати динидошта ба шумор рафта, мақсади асосии он исломигардонии ҷомеъа ва давлат мебошад. Вале онҳо ношукри аз соҳибистиқлоли ва тинҷию оромӣ дар Тоҷикистон карда, солҳои 90-ум ҷанги дохилиро оғоз бахшанд ва баъди шикасти худу имзои сулҳ соли 2015 боз даст ба табаддулоти давлатӣ заданд.
Агар нисбати Кабирӣ чизе гуфтани шавем, мо медонем, ки худи ӯ ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, метавонад дар як лахза Модар-Ватани худро фурушад. Чунин шахсиятҳо хеч гоҳ ба манфиати халку Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Аз ин ҷост, ки ӯ ва хаммаслаконаш, айни хол намаки махбусиро мечашанд, Ватани худро бар ивази маблағхои муайян фурухта, маҳз бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷи мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд. Аммо, хушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат ва дигар сохторхои кудративу низоми боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.
Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернети мехонему тамошо мекунем, ки М.Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, хамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллакатамонро дигар кишварҳо омӯхта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода қарор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.
Иштироки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ин нишона аз ифротӣ будани онҳо дарак медиҳад. Ин турфа ватанфурушон барои чанд тангаи ҳароми хоҷагони худ гашта, дар ҷаласаи ҳуқуқи инсони СММ иштирок намуда истодаанд ва мехоҳанд аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят кунанд. Лек он кадом ҳуқуқҳо? Дар ҳама ҷо ҷинояткор ҷиноякор аст. Хоҳ дар Амрикову Аврупо ва хоҳ дар Осиё Африқо!
Аз ин ли ҳоз ба хамаи аҳли ҷомеа пешниҳод мекардем, ки бояд тамоми кувваву имкониятҳоро баҳри илмомузии насли наврас ва ҷавонон равона карда, шомилшавии онҳоро аз чунин ҳизбу равияҳои номатлуб ба мисли ТЭТ ҲНИ, пешгири намоем.
Негматова М.М. – сармуаллимаи
кафедраи забони русии ДДҲБСТ