Мо зидди хама гуна зуҳуроти номатлуб ва савдои одамон!
Дар ҷаҳони муосир савдои одамон яке аз ҷиноятҳои хеле вазнин ва мудҳиш эътироф гардидааст. Хатарнокии ин намуди ҷинояткорӣ дар он зоҳир мегардад, ки савдогарони одамон бо кирдорҳои ҷинояткоронаи худ шахсони тамоман бегуноҳро ба доми фиреб гирифтор намуда, ҳуқуқу озодиҳои қонунан ҳифзшавандаи онҳоро поймол менамоянд. Бо мақсади пешгирии ин амали номатлуб дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оиди мухоҷирати бехатар тањти унвони “Мо зидди хама гуна зухуроти номатлуб ва савдои одамон” мулоқот баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ равоншинос, мушовири Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рафоат Бобоева, намояндагони МИҲД шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои филологӣ Низомиддин Муродӣ ва устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Махкамбой Каримов иштирок ва баромад намуданд. Савдои одамон – яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии трансмиллӣ буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҷамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки айни ҳол дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иљтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад ҳисобида мешавад, зикр гардид дар мулоқот.
Ёдовар мешавем,ки баҳри пешгирии ин зуҳурот аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардидааст.
Дар интиҳо иброз гардид, ки савдои одамон яке аз масъалаҳои ташвишовар дар ҷаҳон пиндошта шудааст ва аз ҳар яки мову шумо масъулияти баландро талаб менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






