Баргузории конференсияи илмӣ-назариявии байнидонишгоҳӣ бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДҲБСТ

4 ноябри соли 2025 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат ба коррупсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии байнидонишгоҳӣ таҳти унвони «Конститутсия — ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон», бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия ректори донишгоҳ, н.и.ҳ., дотсент Мӯминзода Шероз, намояндагони мақомоти адлия, суд, прокуратура, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, устодон, муҳаққиқон, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ, Мӯминзода Шероз иштирокдорони ҳамоишро хайрамақдам гуфта, иштирокчиёнро ба ифтихори 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади тақдирсоз ва ҳуқуқии асосӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ дорад.
Дар ҷараёни конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, Раҷабзода Бибираҷаб Сафаралӣ- муовини сардори раёсати адлияи вилояти Суғд дар мавзуи «Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд», Раҳмон Ҷурахон- муовини аввали раиси суди шаҳри Хуҷанд бо номи «Конститутсия — сарчашмаи қонунҳо ва инъикоскунандаи раванди демократикунонии ҷомеа», Давлатзода Ҷаҳоноро, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Конститутсия кафили суботи кишвар», Ғафурӣ Меҳриддин – сардори факултети №4 Академияи ВКД ҶТ бо номи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидо, замони муосир ва ояндаи он», Ҷабборзода Иброҳим, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мавзуи «Таърихи қабул ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсия», Акилов Фирдавс Илҳомович, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд бо номи «Аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллат ва ҷойгоҳи он дар низоми ҳуқуқӣ» бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба маърузакунандагон сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.

                                                                                                  Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like