ДДҲБСТ: Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ
Санаи 3 ноябри соли 2025 дар факултетҳои технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии навбатии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо донишҷӯён баргузор гардид.
Мулоқот дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» доир гардида, дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Шаҳноза Норматова, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Абдуллозода Абдуҷамил, мудири шуъбаи иттилоотии Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят Ибрагимова Назокат ва имомхатиби масҷиди Бурхии ҷамоати деҳоти Ёва Шарипов Икромҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки тарбияи ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ аз муҳимтарин омилҳои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳозирин зикр карданд, ки ҷавонон ҳамчун қувваи созандаи ҷомеа бояд дар ҳифзу рушди арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ саҳми фаъол дошта бошанд.
Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён низ бо саволҳо ва пешниҳодҳои худ баромад намуда, андешаҳои хешро оид ба нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеаи муосир иброз доштанд.
Дар анҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки ҳамкории пайвастаи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои тарбияи насли худогоҳу ватандӯст, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











