ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Иттилоотонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ»  

1 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Иттилоотонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ», бахшида ба солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимону устодони донишгоҳ, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ширкат варзиданд. Дар оғоз муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризозода Тӯра иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, аз нақши қонунгузории муосир ва иттилоотонӣ дар рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ёдовар шуд.
Дар идома, тибқи барномаи конференсия д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҷидзода Зоир Ҷурахон дар мавзуи “Ислоҳоти конститутсионӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар раванди ба даст овардани Созишномаи умумии истиқрори сулқ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”, сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода дар мавзуи “Низоми иттилоотӣ ҳамчун омили кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, д.и.ҳ., мудири кафедраи қуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Самадзода Бахтиёр дар мавзуи “Рақамикунонӣ дар танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Санавварзода Ғолиб дар мавзуи “Рақамикунонии равандҳои муҳоҷират дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои байналмилалӣ: назария ва амалия”маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа намуданд.
Дар ҷараёни конференсия олимон ва мутахассисон доир ба масъалаҳои рақамикунонӣ дар қонунгузорӣ, иттилоотонии соҳаҳои ҳуқуқӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ ибрози андеша намуданд.
Барои саҳми арзанда дар корҳои илмӣ ва ташкили конференсия як қатор иштирокдорон бо Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

                                                                                                              Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа 


 

 

 

You might also like