Баргузории силсилаи дарсҳои кушод ва намунавӣ дар донишгоҳ
Тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати донишгоҳ дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ баргузории дарсҳои кушод ва намунавӣ идома доранд.
30 октябри соли 2025, дар бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарси намунавии лексионии номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Солихоҷаева С.А. аз фанни сиёсатшиносӣ дар мавзуи «Давлат дар системаи сиёсӣ» баргузор гардид.
Дар машғулият мутахассиси шуъбаи идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, номзади илмҳои таърих, дотсент Каримова К.О., мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Якубов Ҷ.К. ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.
Омӯзгор барои баргузории машғулияти хеш аз маводи мухталифи таълимӣ ва илмӣ истифода намуд. Маводи зиёде бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои хониши мустақилона ва мустаҳкам намудани мавзӯъ ба донишҷӯён тавсия гардид.
Зимни баргузории машғулият зикр шуд, ки омӯзиши мавзӯъ хеле муқим аст. Назарияҳои мухталиф перомуни мавзӯъ, аз ҷумла пайдоиш, нишона, вазифа, шакли идоракунии давлат ва сохтори давлатӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ карор гирифтанд.
Ҳамзамон дар раванди машғулият аз имкониятҳои технологияи муосири таълимӣ васеъ истифода шуд.
Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод ва намунавӣ дар сатҳи баланд ба роҳ мондани машғулиятҳо, роҳандозии усулҳои фаъоли таълим, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши технологияи рақамӣ ва инноватсионӣ арзёбӣ карда мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
 
			







