Пирӯзии донишҷӯи ДДҲБСТ дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз»
24 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» аз рӯйи номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» баргузор гардид.
Дар ин озмун донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Абдураҳимов Исломҷон фаъолона иштирок намуда, дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва ҳалли масъалаҳои барномасозӣ маҳорати баланд ва дониши хуби касбиро нишон дод.
Бо натиҷаҳои назаррас ва иҷрои босифати вазифаҳои озмунӣ, Абдураҳимов Исломҷон таҳти роҳбарии устодон Шамсиев А.А. ва Шарипов Ҳ.Б., миёни иштирокчиёни озмун ҷойи дуюмро ишғол намуда, бо мукофотпулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ сарфароз гардид.
Ҳамзамон, аз номи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Б.А., ба Раёсати ДДҲБСТ сипоснома супорида шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба Абдураҳимов Исломҷон Абдуҷалилович ва роҳбарони илмии ӯ барои ин дастоварди шоиста табрик гуфта, барору комёбиҳои навбатиро дар фаъолияти таълимӣ ва эҷодӣ таманно менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




