Талабот ва меъёрҳои услубию имлоӣ дар таҳияи мақолаҳои илмӣ ва васоити таълимӣ
10 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ – забон семинари методӣ дар мавзуи “Талабот ва меъёрҳои услубию имлоӣ дар таҳияи мақолаҳои илмӣ ва васоити таълимӣ ” ташкил ва баргузор гардид.
Семинарро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д.и.т., профессор Фурқат Ҳомидзода ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба аҳаммият ва моҳияти амалии чунин омӯзишҳо ибрози андеша намуд. Таъкид шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон оид ба забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дода, дар яке аз суханрониҳо дар бораи гиромидошти забони давлатӣ чунин иброз намуда буданд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд, забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”.
Тибқи барномаи чорабинӣ котиби масъули маҷаллаи “Ахбори ДДҲБСТ” Самеев А. дар мавзуи “Усулҳои таҳияи мақолаҳои илмӣ барои нашрияҳои тақризшаванда: таҷриба ва тавсияҳо”, н.и.ф., дотсент, мудири нашриёти “Дабир” Нурихон Охунҷонова дар мавзуи “Таҳия ва пешниҳоди мақолаҳои илмию васоити таълимӣ дар заминаи фаъолияти илмӣ”, н.и.с., дотсент, декани факултети сиёсатшиносӣ Саидзода Ш.Ш. дар мавзуи “Раванди таҳияи мақолаҳои илмӣ: мушкилот ва имкониятҳо”, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Шавкат Рустамов дар мавзуи “Мушкилоти имло дар таҳияи мақолаҳо ва маводи илмӣ” , н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқ Қодирзода М. дар мавзуи “Ҳуқуқҳои муаллиф ва санадҳои танзимкунандаи он“ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Иброз шуд, ки мақсади баргузории семинари мазкур беҳтар кардани сатҳу сифати таълифоти илмӣ, таълимӣ, методӣ ва роҳу усулҳои дуруст омода намудани мақолаҳои илмӣ, ба ин васила поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба ин рукни муҳими давлатӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди тоҷик бояд дар татбиқ ва риояи қоидаи имлои забони тоҷикӣ ва аломати китобатии забони тоҷикӣ бетараф набошад ва сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои пешрафти илму маърифат ҳиссаи арзандаи хешро гузорад.
Дар рафти семинари методӣ аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон оид ба қоидаи имлои забон бо мутахассисон мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа