Донишҷӯёни ДДҲБСТ дар озмунҳову мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба дастовардҳои назаррас сазовор гардиданд
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоёну ифтихорӣ гардиданд.
Донишҷӯи донишгоҳ Мавзуна Раҷабова дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, дар номинатсияи “дизайн” мақоми дуюмро ишғол намуд. Ҳамзамон, Зайниев Муҳаммадхон дар озмуни “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” мақоми дуюм ва Умедҷон Ҷабборзода дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзиши ҷудо мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Ғолибон бо диплом, медал ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Ба ифтихори ин дастовардҳо, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ғолибонро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо барои заҳмату кӯшиш ва муаррифии шоистаи донишгоҳ изҳори сипос намуд.
Роҳбарият ва ҳайати устодони донишгоҳ ҳамаи ғолибонро самимона табрик гуфта, дар самти таҳсил ва фаъолияти минбаъда барору муваффақият таманно доранд. Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа