Вохӯрии Ректори ДДҲБСТ бо омӯзгорони собиқадор бахшида ба Рӯзи омӯзгорон
03-ми октябри соли 2025, дар фазои тантанавии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи омӯзгорон вохӯрии Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода, бо омӯзгорони собиқадор ва собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкили ин мулоқоти самимӣ — арҷгузорӣ ба заҳмати софдилона ва саҳми арзандаи омӯзгорон дар рушди илму маърифат, тарбияи насли босавод ва бедор намудани эҳсоси ифтихор аз касби омӯзгорӣ миёни ҷавонон мебошад.
Дар суханронии ифтитоҳии худ, Ректори донишгоҳ омӯзгорони собиқадорро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуда, аз нақши таърихии онҳо дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос, таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа ва рушди устувори соҳаи маориф ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки:
> «Омӯзгори асил на танҳо дониши муосирро ба донишҷӯ меомӯзад, балки бо рафтору гуфтор, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии васеи худ шахсият месозад. Шумо – омӯзгорони собиқадор – намунаи равшани садоқат ба касб ва ифтихори донишгоҳи мо ҳастед».
Сипас бо иқдоми роҳбарияти донишгоҳ ва дастгирии иттифоқи касабаи донишгоҳ, ба омӯзгорони собиқадор туҳфаҳои хотиравӣ, гулдастаҳо ва кумаки якдафъинаи молиявӣ тақдим гардид.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифта, омӯзгорон низ бо суханони сипос ва хотираҳои ҷолибу ибратбахши хеш хотироти зиёдеро аз рӯзҳои фаъолияти касбии худ баён карданд.
Ин мулоқот боз як қадами муҳим дар самти эҳтиром ба арзишҳои анъанавии омӯзгорӣ ва таҳкими робитаи наслҳо дар муҳити донишгоҳӣ арзёбӣ мегардад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа