Озмуни вилоятии «Таҳияи бизнес – нақшаҳои соҳибкорӣ»

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври вилоятии озмуни «Таҳияи бизнес – нақшаҳои соҳибкорӣ» оид ба муаррифии имконият ва иқтидори сайёҳии вилоят байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд баргузор гардид. Донишҷӯёни ДДҲБСТ дар озмуни мазкур 10 лоиҳа пешниҳод намуданд.

Ба њайати комиссия аз ҳисоби масъулини шуъбаҳои рушди сайёҳӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят, раёсатҳои маориф, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, рўзноманигорон аз рўзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқатӣ» ва «Согдийская правда» шомил буданд.

Ҳамзамон, донишҷўён – шаҳрвандони хориҷӣ низ дар озмун иштирок доштанд. Донишҷўи курси 1-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонии факултети бизнес ва идоракунӣ Аюбхон Мамадҷонов (шаҳрванди Ҷумҳурии Ўзбекистон) бо лоиҳаи «Тайёр кардани шириниҳо дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории давлатии Ўзбекистон» дар озмун ширкат варзид.

Боиси ифтихор аст, ки Саиднисохон Маҳмудова-донишҷўи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонии факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ бо лоиҳаи «Приложение “TOURLINE”»  сазовори ҷои якум ва Аюбхон Мамадҷонов (шаҳрванди Ҷумҳурии Ўзбекистон) донишҷўи курси 1-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонии факултети бизнес ва идоракунӣ бо лоиҳаи «Тайёр кардани шириниҳо дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории давлатии Ўзбекистон» сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Баргузории ин қабил озмунҳо барои донишҳои назариявиашонро ба амалия њамбаста намудани донишҷӯён ва дар иҷрои корҳои илмиву таҳқиқотиашон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like