Баргузории нишасти навбатии маҳфили “Ганҷи сухан” дар ДДҲБСТ
Имрӯз, 2 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” баргузор шуд. Ин ҳамоиши илмиву фарҳангӣ ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда, бо ширкати шахсиятҳои маъруфи илму адаб, намояндагони мақомоти давлатӣ ва устодону донишҷӯён сурат гирифт.
Нишастро роҳбари маҳфил, адабиётшинос ва устоди донишгоҳ Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, оид ба ҳадаф ва мақсади баргузории маҳфил сухан кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳифз ва гиромидошти забони модарӣ – забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ, вазифаи ҳар як фарди ватандӯст аст. Зимнан, як қатор китобҳои тозанашр муаррифӣ гардиданд, ки ба мероси адабӣ ва забони миллӣ бахшида шудаанд.
Дар маҳфил муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода иштирок ва суханронӣ намуда, аҳамияти сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихии забони давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро таъкид намуд. Ӯ иброз дошт, ки таҳкими забони давлатӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки рисолати ҳар як шаҳрванд мебошад.
Дар идомаи нишаст ректори донишгоҳ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Шероз Мӯминзода бо маърӯзаи пурмуҳтаво таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ” баромад намуда, саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ барҷаста арзёбӣ кард.
Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳмадзод, инчунин шоирону суханшиносони маъруф Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода, Адибаи Хуҷандӣ ва Одинаев Абдуманнон перомуни ҷойгоҳ ва нақши забони тоҷикӣ дар рушди фарҳанги миллӣ, инчунин аҳамияти “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ баромад карданд.
Зимни нишаст порчаҳо аз асари безаволи “Шоҳнома” қироат гардида, дар бораи нақши ин асари пурарзиш дар забонсозӣ ва забоншиносии тоҷик муҳокима сурат гирифт.
Дар интиҳо донишҷӯёни донишгоҳ бо порчаҳои назмӣ ва насрӣ баромад карда, муҳаббати худро ба забони модарӣ ва мероси гарони адабии халқи тоҷик баён намуданд.
Барои баромадкунандагон Сипосномаву Ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим гардид.
Маҳфили “Ганҷи сухан” ҳамчун майдони густурдаи мулоқоти аҳли адаб ва дӯстдорони сухани баланд дар оянда низ тасмим дорад фаъолиятҳои маърифатии худро идома бахшад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа