Забони тоҷикӣ – пайвандгари дилҳо
01 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи аъзои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” мизи мудаввар таҳти унвони “Забони тоҷикӣ – пайвандгари дилҳо” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Норматова Шаҳноза иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, ӯ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳким ва рушди забони тоҷикӣ махсус қайд намуда, ҷавононро ба омӯзиш ва гиромидошти забони модарӣ ҳидоят намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён роҷеъ ба таъриху рушди забони тоҷикӣ, нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ андешаҳои судманд иброз доштанд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки ганҷинаи фарҳангу маърифати миллист, ки бояд ҳифз ва таблиғ шавад.
Дар анҷом, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки забони модариро бо ифтихор омӯзанд, тарғиб намоянд ва ҳамчун нишонаи асолати миллӣ ҳифз намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа