ДДҲБСТ: Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Ҷаҳони ахлоқии Мавлоно ва масъалаҳои тарбияи башарият»

Арҷгузорӣ ба кору пайкор ва мероси гаронбаҳои шахсиятҳои маъруфи илму адаб ва суханварӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маншаъ гирифта, дар  самти густариши фарҳангу маънавиёти ҷомеа, тарбияи насли имрӯзу оянда баҳри   ҳифзу гиромидошти ҳофизаи таърихӣ ва фарҳангу маданияти пурғановати аҷдодӣ муҳим арзёбӣ мешавад.

Тавре Пешвои миллат таъкид медоранд, «орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ўро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд». Маҳз арҷгузорӣ ба шахсият ва осори бузургу мондагори ин нобиғаи миллати тоҷик аст, ки ҳамасола санаи 30- юми сентябр дар кишвар Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Ба ин хотир, 30 – юми сентябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои таълииии №2 бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ ва  китобхонаи илмии донишгоҳ  конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Ҷаҳони ахлоқии Мавлоно ва масъалаҳои  тарбияи башарият»,  ба муносибати таҷлили Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д.и.т., профессор Фурқат Ҳомидзода  ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба моҳияти бузургдошти ин суханвари мумтоз, нақши осори мондагори ӯ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии башарият муфассал ибрози андеша намуд.

Дар идома, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ, дотсент Рустамов Ш.Р., н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Шарифҷон Тоҷибоев, д.и.ф., дотсенти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Ҳалимҷон Зоиров оид ба ҳаёту фаъолият ва осори шоир суханронӣ карда, роҷеъ ба хусусиятҳои маърифатию бадеӣ ва ғояҳои тарбиявию ахлоқии осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хеле муассир ва муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён намунаҳои ашъори ноби шоир қироат гардид.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like