Ғолиби даври вилоятии озмуни “Донишҷӯи сол-2019” муайян гардид

Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷўёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба донишандўзию илмомўзӣ бо қарори Раиси вилояти Суғд байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят озмуни “Донишҷӯи сол-2019” доир гардид.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар озмуни вилоятии «Донишҷўи сол – 2019» ҳайати ҳакамон бо назардошти шартҳои озмун, аз байни иштирокчиён донишҷўи курси чоруми ихтисоси иқтисодиёт ва идораи корхонаҳои факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Каримова Нозила Асламовнаро байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ғолиби озмуни вилоятии «Донишҷўи сол» эълон карданд.
Баргузории озмуни вилоятии «Донишҷўи сол – 2019» иқдоми шоистаест, ки бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар самти илмомўзӣ, фарҳангдўстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ намудани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷўён, таҳким бахшидани афкори созанда дар зеҳни ҷавонон ва дарёфти донишҷўи беҳтарину соҳибмаърифат роҳандозӣ гардид.
Раёсат, ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Нозила Каримоваро барои дастоварди навбатиаш табрик намуда, барои фатҳи қуллаҳои илмиву таҳқиқотӣ бурдбориҳо орзу менамоянд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like