Баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муаммоҳои мубрами математикаи муосир” дар ДДҲБСТ
27 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муаммоҳои мубрами математикаи муосир”, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва 50-солагии фаъолияти илмию педагогии доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ёдгор Мӯҳсинов баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимони варзида, мутахассисони соҳа, устодони донишгоҳ ва меҳмонон ширкат варзиданд.
Дар оғоз, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия,доктори илмҳои таърих, профессор Фурқат Ҳомидзода баромад намуда, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Ӯ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ диққати махсус зоҳир менамоянд, зеро пешрафти босуръати илму техника бе истифодаи методҳои математикӣ имконнопазир аст. Ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати омўзиши фанҳои дақиқ талоши бештар намоянд. Яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ва ба ин восита омода намудани мутахассисони ҷавобгў ба талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад. Мавсуф, ҳамзамон, ба профессор Ёдгор Мӯҳсинов ба муносибати 50-солагии фаъолияти пурмаҳсул ва хидматҳои арзандаашон дар рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ табрик гуфта, саҳми эшонро дар пешбурди илм ва иқтисодиёти вилояту ҷумҳурӣ хеле назаррас арзёбӣ намуд.
Дар идома, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ баромад намуда, ба кори конференсия барор хост.
Тибқи барномаи конференсия академики АМИТ, д.и.ф-м, профессори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Илолов М.И., академики АМИТ, д.и.ф.-м., профессори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ Шабозов М.Ш., д.и.ф.-м., профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар Шамсутдинов Ф., д.и.ф-м., профессор, ходими калони илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ Джангибеков Г., д.и. ф.-м., аъзо- корреспонденти АМИТ, профессори Донишгоҳи давлатии Вологдаи Федератсияи Россия Муҳаммадиев Э. , д.и.ф.-м., профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Назимов А.Б., д.и.ф.-м., профессори Донишгоҳи давлатии Удмуртияи шаҳри Ижевски Федератсия Россия Петров Н.Н., д.и.ф.- м., профессори Донишгоҳи Уппсалаи Шветсия Назаров М.З. д.и. ф.-м., профессори Донишгоҳи миллии ба номи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Мамадалиев Н.А., д.и. ф.-м., профессори ДДҲБСТ Байзоев С. н.и.ф.-м., дотсент, мудири кафедраи фанҳои риёзӣ – табиатшиносии муосир Муродова М.Н. маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории конференсия мубодилаи афкор баҳри дарёфти роҳҳои ҳалли муаммоҳо дар раванди методикаи таълими фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, дар ин самт муайян намудани дурнамои рушди таҳсилоти олӣ, ноил гаштан ба мақсадҳои ниҳоӣ, омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир, салоҳиятнокии мутахассисони соҳаи таълим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, арҷгузорӣ ба саҳми устодони варзида, аз ҷумла профессор Ёдгор Мӯҳсинов дар рушду пешрафти ҷомеа мебошад.
Кори конференсия дар бахшҳо идома дода, дар он маърӯзаҳои олимону устодон шунида шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа