Баргузории ҷаласаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон» дар ДДҲБСТ

Имрӯз, 26 сентябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сомон» дар назди Кумитаи маҳаллаи “Суғдиён”баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботӣ ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, инчунин масъулон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.
Ҷаласа бо баррасии масъалаҳои муҳими ташкилӣ ва сиёсӣ, натиҷагирии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва дурнамои он баргузор шуда, дар оғоз муовини КИИ ҲХДТ «Сомон» Ҷамшед Тӯразода оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи ташкилот ҳисобот дод. Зикр гардид, ки тамоми фаъолиятҳо тибқи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ амалӣ гардидаанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Сомон»-и маҳаллаи Суғдиёнро мусбат арзёбӣ карда, барои саҳми арзандаи он дар маъракаҳои сиёсӣ, чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ ва таблиғи арзишҳои давлатӣ изҳори сипос намуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, аёдати ниёзмандон, таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён ва ҷалби ҷавонон ба сафи ҲХДТ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар доираи маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии КИИ ҲХДТ «Сомон» раиси ташкилот якдилона интихоб гардид. Бо ҷонибдории пурра, ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ба ҳайси раиси нави Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Сомон» дар маҳаллаи “Суғдиён” интихоб шуд.
Шероз Мӯминзода, ректори донишгоҳ ва раиси нави КИИ «Сомон» дар баромади худ ба нақши муҳим ва ҳалкунанда доштани ҷавонон дар рушди ҷомеа таъкид намуда, иброз дошт, ки ташкили дурусти фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни донишҷӯён бояд самти калидии кори ташкилот бошад.
Ҷаласаи интихоботӣ-ҳисоботӣ бо вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда анҷом ёфт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like