Мавқеи зан дар ҷомеаи муосир

Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоии миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро амалӣ мегардонад. Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат нисбати дастгирии занону духтарон, татбиқи Конуни Ҷумхурии Точикистон «Оид ба пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила», Рўзи байналхалқии «Мубориза бар зидди зўроварӣ нисбати зан» ва маъракаи иттилоотии «16 рўзи алайҳи хушунат нисбати занон!» дар факултетҳои молия, инноватсия ва телекоммуникатсия, бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ мизҳои гирд доир гашт.

Мизҳои гирд «Мавқеи зан дар ҷомеаи муосир», “Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии оилаҳои ҷавон” унвон гирифта, дар он намояндагони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Дар чорабинӣ перомуни дастгирии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ, додани машварати амалии равонӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ сухан рафт. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи муосир, пешгирии хушунати хонаводагӣ, ташаккул додани муносибати эҳтиромона нисбати занону духтарон ва бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон маҳсуб меёбад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like