ДДҲБСТ: «Фаронсавӣ — забони дипломатия ва рушди устувор»
10 июни соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии сатҳи баланд бо иштироки намояндаи Котиботи байналмилалии об – Оливиер Нормонд баргузор гардид. Чорабинӣ дар заминаи муколама ва мулоқотҳои сатҳи олии байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон баргузор шуда, ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии ду кишвар равона гардид.
Вохӯрӣ бо ибтикори маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи ДДҲБСТ ва бо дастгирии Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд – Алянс Франсези Хуҷанд баргузор шуда, ба муаррифии лоиҳаи нави байналмилалӣ бо унвони «Фаронсавӣ — забони дипломатия ва рушди устувор» бахшида шуд.
Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти Фаронса дар Париж ва намояндагии Котиботи байналмилалии об дар шаҳри Хуҷанд амалӣ мешавад. Ҳадафи асосии он тақвияти омӯхтани забони фаронсавӣ дар заминаи муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷаҳонбинии экологӣ дар миёни ҷавонон ва ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба масъалаҳои глобалии ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи об ва пиряхҳо мебошад.
Лоиҳа аз ду бахши асосӣ иборат аст:
- Дипломатия ва рушди устувор – Ташкили силсилаи семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба масоили экологии об ва иқлим барои донишҷӯён ва устодон;
- Баргузории омӯзиши ройгони забони фаронсавӣ дар тӯли як соли таҳсил барои донишҷӯён ва омӯзгорони факултети муносибатҳои байналмилалӣ.
Меҳмононро ректори донишгоҳ, Шероз Мӯминзода истиқбол намуда, дар суханронии худ таъкид кард, ки ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Фаронса, барои густариши фазои академӣ ва татбиқи сиёсати дарҳои кушодаи Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Оливиер Нормонд зимни мулоқот аз ҳамкории пурсамар ва ташаббусҳои созандаи Донишгоҳ ва Маркази фарҳангии Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ба нақши муассир ва афзалиятноки чунин лоиҳаҳо дар таҳкими муносибатҳои илмиву фарҳангӣ ва рушди малакаҳои касбии донишҷӯён ишора кард.
Пас аз қисмати расмии вохӯрӣ, меҳмонон аз Маркази таҳлили равандҳои сиёсӣ, ҳамгироӣ ва дипломатияи ДДҲБСТ боздид намуда, дар як машварати корӣ иштирок карданд. Дар ҷараёни он муаррифии муфассали лоиҳа пешниҳод шуда, самтҳои афзалиятнок, марҳилаҳои татбиқи амалии он ва механизмҳои ҷалби фаъолонаи устодону донишҷӯён ба барномаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳияи нақшаи мушаххаси корӣ, роҳандозии марҳилаҳои минбаъдаи амалишавии лоиҳа ва таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангӣ иброз доштанд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ нақшаҳои ҳамкорӣ барои соли таҳсили оянда мувофиқа ва ҷонибдорӣ шуданд.
Ин ташаббус, ки дар пайи мулоқоти охири президентҳои Тоҷикистону Фаронса ба амал бароварда мешавад, марҳилаи муҳими таҳкими робитаҳои дуҷонибаи кишварҳоро дар бахшҳои илм, фарҳанг, дипломатия ва экология ифода мекунад. Он ба донишҷӯёну омӯзгорон имкониятҳои нави забономӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва мубодилаи байналмилалиро фароҳам оварда, ба таҳкими дипломатияи фарҳангӣ ва ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба захираҳои об мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа