Мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзуи «Асосҳои арзишманди таҳсилоти иҷтимоӣ – гуманитарӣ дар кишварҳои фазои Авруосиё»
4 июни соли 2025, бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии академии гуманитарӣ ва дар ҳамкорӣ бо нашрияи иттилоотӣ-таҳлилии «Eurasia.Expert», мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони «Асосҳои арзишманди таҳсилоти иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар кишварҳои фазои Авруосиё» баргузор шуд.
Дар кори мизи мудаввар беш аз 30 иштирокчӣ аз кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Сербия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони расонаҳои ИДМ ва муассисаҳои илмӣ-таълимии хориҷӣ ширкат варзиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон намояндагӣ кард. Ӯ бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар ҷомеаи муосир» баромад намуда, масъалаҳои муҳимми рушд ва таҳкими маърифати иҷтимоӣ-гуманитариро дар замони муосир мавриди таҳлил қарор дод.
Зимни ҷаласа Муовини вазири илм ва маълумоти олии Федератсияи Русия К.И. Могилевский низ суханронӣ намуда, ба зарурати рушди муносибатҳои бисёрҷонибаи байни донишгоҳҳои кишварҳои фазои Авруосиё дар самтҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ таъкид кард. Суханронии ӯ аз ҷониби иштирокчиён бо истиқболи гарму самимӣ пазируфта шуд.
Мизи мудаввар бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба ва густариши муносибатҳои таълимӣ миёни кишварҳои иштирокчӣ доир гардида, ба рушди минбаъдаи таҳсилоти иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар фазои Авруосиё мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа