ДДҲБСТ: Иштирок дар Форуми байналмилалии забони хитоӣ дар Осиёи Марказӣ  

Санаҳои 01 – 03 июни соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форум оид ба рушди босифати таҳсилоти байналмилалии забони хитоӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Ризозода Т.Р. ва мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент Рустамзода З.Р. дар мавзуи «Ташаккул ва рушди омӯзиши забони хитоӣ дар ДДҲБСТ» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори форум роҳбарони 25 донишгоҳҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат доштанд. Дар ҳошияи форум мулоқоти судманд бо намояндагони як қатор донишгоҳҳои бонуфузи музофоти Шэнси ва Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз рӯи барномаи табодули омӯзгорону донишҷӯён, ташкили ихтисосҳои муштарак ва баргузории конференсияҳои байналмилалӣ, бо иштироки олимону муҳаққиқони варзида анҷом дода шуд.

Мақсад аз баргузории форуми мазкур тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ-академӣ ва таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи таҳсилоти байналмилалии забони хитоӣ мебошад. Форум ҳамчун платформаи муҳимми муаррифии таҷрибаҳо, дастовардҳо ва дурнамои омӯзиши забони хитоӣ дар кишварҳои минтақа хизмат кард. Дар доираи он, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами такмили барномаҳои таълимӣ, таҳияи маводи таълимӣ бо дарназардошти хусусиятҳои миллии донишҷӯён, табодули омӯзгорону донишҷӯён ва ташкили марказҳои муштараки омӯзиши забонро баррасӣ намуданд.

Баргузории чунин форумҳо метавонанд дар оянда ба таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангии миёни донишгоҳҳои минтақа ва Чин, инчунин ба рушди таълими босифати забони хитоӣ дар Тоҷикистон мусоидат намоянд.

 

Шуъбаи тахлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like