Қабули донишҷӯёни ғолиби озмуни байналмилалӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ

Санаи 02 июни соли 2025 13 нафар донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ғолибони озмуни байналмилалие, ки дар ҳошияи Форуми байналмилалии ҳуқуқшиносони ҷавон, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаҳои 30-31 майи соли 2025 баргузор гардид, таҳти роҳбарии декани факултет Кенҷазода Шуҳрат Юсуф,  муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ, Зиёбоева Мавзунахон Нарзуллохоновна ва муаллими калони кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ Атаев Акмалхон Саидумарович бо ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор суҳбат оростанд. Бояд қайд намуд, ки донишҷӯёни мо дар озмуни “Пешбарандагони ҳалли ҳуқуқии эҷодӣ ва инноватсионӣ” — “«Workshop» таҷрибаи клиникаи ҳуқуқии: мушкилот, муколама, ҳалли масъалаҳо” ҷои аввалро ишғол намуда донишгоҳамонро дар Форуми байналмилалии ҳуқуқшиносони ҷавон муаррифӣ намуданд. Боиси хушнудист, ки чунин натиҷа дар таҷрибаи факултети ҳуқуқшиносӣ дар соли ҷорӣ наҳустин мебошад. Ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ҳамкорӣ  ба тибқи созишномаи баимзорасида ба роҳ монда шудааст.

Ректори Донишгоҳ Мӯминзода Ш.А. иштирокчиёни Форуми байналмилалиро пазируфта, оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ, саҳми арзандаи омӯзгорон ва донишҷӯён дар густариши ҳамкориҳои Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар сухан намуд.

Иштирокчиёни чорабинии мазкур оид ба иштироки худ сухан карда, барои дастгирии раёсати Донишгоҳ ва факултет изҳори сипос намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like