Сафари хотирмон ба Теҳрон

 

Санаи 11-15 майи соли 2025 мушовири ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, профессор Абдураҳим Ҷӯраев ва мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ дар 36-умин Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон», ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 7 то 17 майи соли равон баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз иштироки намояндагони кишвари мо дар ин намоишгоҳ,  ки яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои дунё бо зиёда аз 2 миллион тамошобин ба ҳисоб меравад, тақвият бахшидани робитаҳои илмию фарҳангии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Иштироки фаъоли намояндагони илму адаб ва кормандони соҳаи табъу нашри Тоҷикистон дар намоишгоҳ тадбири муҳим дар таҳкими пайвандҳои фарҳангӣ ва адабӣ байни Тоҷикистону Эрон ва ҳамзамон муаррифии мероси пурғановати адабии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Бояд қайд кард, ки дар намоишгоҳ бо ибтикори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ғурфаи Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар он бештар аз 400 номгӯй китобҳои тозанашр иборат аз асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, теъдоди зиёди осори классикӣ ва намунаҳои адибони муосири тоҷик, китобҳои тозанашри олимону муҳаққиқони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Дар доираи Намоишгоҳи 36-уми байналмилалии «Китоби Теҳрон» профессорон А.Ҷӯраев ва Н.Ғаффорӣ дар маҳфилҳои илмию фарҳангӣ, аз қабили мубоҳисаҳо дар бораи нақши тоҷикон дар қаробати фарҳанги халқҳои ориёӣ дар Пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутоилоти фарҳангӣ, муаррифии осори адибони тоҷик, аз ҷумла рӯнамоии китоби «Се тор»-и Фарзонаи Хуҷандӣ дар маҳфили «Шаби адабиёти форсӣ дар Фароруд», дар чорабиниҳои Китобхонаи миллии Теҳрон ва Доиратулмаорифи бузурги Эрон ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкории олимони тоҷик бо ҳамтоёни эронӣ, ки решаҳои муштараки таърихӣ доранд, иштироку баромад намуданд ва аз сафари Теҳрон бо таассуроти бағоят неку хотирмон баргаштанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like