Иштироки донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ дар Форуми байналмилалии ҳуқуқшиносони ҷавон

Санаҳои 30-31 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалии ҳуқуқшиносони ҷавон баргузор гардид. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар Осиёи Марказӣ саҳм гузошта истодааст. Донишгоҳи мазкур ба доираи байналмилалии ТОП-1000 донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон ворид гаштааст, ки ин нишондиҳандаи баланд будани сифати таҳсилот ва ҷавобгўи талаботи бозори меҳнат дар ҷаҳон мебошад.

Равобити ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли 2018 оғоз ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки соли 2020 байни дигар донишгоҳҳои бонуфузи кишвар факултети муштарак фаъолияти худро оғоз намуда, хатмкунандагони факултет соҳиби ду диплом мешаванд. Тибқи барномаи академии табодул ҳамасола донишҷӯёни ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои таҳсил сафарбар карда мешаванд.

Санаи 29 майи соли 2025 13 нафар донишҷӯёни беҳтарини факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ барои иштирок дар Форуми байналмилалии ҳуқуқшиносони ҷавон тибқи таклифномаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафарбар карда шуданд. Дар Форуми мазкур олимони шинохта дар соҳаи ҳуқуқшиносии байналмилалӣ, намояндагони вазорат ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Боиси ифтихор аст, ки намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳаи ҳуқуқшиносии тоҷикро муаррифӣ намуданд, ин барои рушди касбии донишҷӯёни ҳуқуқшиносӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Шуъбаи таҳлил  ва  робита бо  ҷомеа

 

 

You might also like