Ғолибияти донишҷўёни ДДҲБСТ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва ҷалби довталабон ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ баргузор мегардад, тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ шуда, дастпарварони донишгоҳ дар даврҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявии ин озмуни бонуфуз ба дастовардҳои шоёну назаррас ноил мегарданд.
Дар даври шаҳрии озмуни мазкур соли равон панҷ нафар донишҷўёни донишгоҳ, Мадалиева Шамсия Абдуваҳобовна соҳиби ҷойи аввал, Дадабаева Манижа Наимовна ва Ашрапова Таскинахон Восидхӯҷаевна сазовори ҷойи сеюм, Усмонова Нозанин Аҳмадовна ва Бутаева Зӯҳро Фаридуновна ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб гардида, бо диплом ва маблағҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ректори донишгоҳ Шероз Мўминзода ғолибонро бо ин дастовард табрик намуда, барояшон дар даври навбатии озмун барору комёбӣ таманно намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа